барфӣ

барфӣ
[برفي]
1. аз барф сохташуда; одами барфӣ ҳайкале, ки бачаҳо бозикунон аз барф месозанд
2. мактуби манзуме, ки дӯстон, одатан вақти боридани барфи аввал, номаълум ба якдигар месупоранд ва дар он мактуб оростани зиёфате бо зикри номҳои таом ва обу мева хоҳиш карда мешавад; агар ҳангоми супоридан соҳиби мактуб ба даст афтад, маҷбур аст, ки айни он зиёфатро худи ӯ ташкил кунад: хати барфӣ
3. зиёфате, ки ба муносибати бохти хати барфӣ ороста мешавад; бобои барфӣ ниг. бобо

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Поможем написать реферат

Смотреть что такое "барфӣ" в других словарях:

  • барф — [برف] резаҳои майдаи оби яхбаста, ки дар зимистони хунук меборад; аз барф гурехта ба борон дучор шуд (зарб.); барфи лаклакӣ барфе, ки порча порча, паға паға меборад; барфи тар барфе, ки вақти боридан аз мулоимии ҳаво ба замин расидан замон об… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфбозӣ — [بر ف بازي] 1. бозиест, ки бачагон якдигарро шӯхикунон бо барф мезананд ва ё ба барф меғелонанд 2. бозии парандагон, ки худро ба барф межӯлонанд ё барфро ба ҳар тараф мепошанд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфоб — [بر ف آب] 1. обе, ки дар натиҷаи об шудани барф ба вуҷуд меояд, оби барф 2. обе, ки барои сарду хунук шудан миқдоре барф ба он мепартоянд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфак — [برفک] шакли тасғири барф 1. зарраҳои яхӣ, ки бар асари дохил шудани об ба дохили яхкунаки яхдон дар канорҳои он пайдо мешавад 2. духтари барфии афсонавӣ, ки гӯё бо омадани баҳор об шуда мерафтааст, набераи бобои барфӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфандоз — [بر ف انداز] 1. бориши шадиди барф 2. ҷои партоби барф …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфолуда — [بر ف آلوده] ба барф олуда, бо барф омехта, барфаралаш: боди барфолуд, борони барфолуд, тӯфони барфолуд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфреза — [بر ف ريزه] зарраҳои барф, пораҳои барф …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфрӯбӣ — [بر ف روبي] рӯфтани барф, тоза кардани барфи кӯчаву роҳҳо; мошини барфрӯбӣ мошини махсус барои рӯфта ҷамъ карда бурдани барфҳои кӯчаву роҳҳо, майдонҳои фурудгоҳ ва ғ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфтозакунак — [بر ف تاز ه کنک] тозакунандаи барфҳои пиёдароҳҳову хиёбонҳо, поккунандаи барфҳо; мошини барфрӯбӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барфтӯда — [بر ف توده] тӯдаи барф, анбӯҳи барф, ки аз бориши зиёд ба вуҷуд омада ва ё аз кӯҳҳо кӯчида афтода бошад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

Книги

Другие книги по запросу «барфӣ» >>


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»